Бо маълумоти то 20-уми феврали соли 2026
Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон
Зерлоиҳаи “Таҳкими иқтидори занони манотиқи деҳот оид ба бехатарии ғизо ва истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи хонавода”
Бо маблағгузории Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ
Иҷрогар: Equidev
Муҳлати зерлоиҳа: январ–апрели 2026
Минтақаи фарогирӣ: Хуросон, Вахш, Восеъ, Панҷ
Самтҳои асосӣ: Кишоварзии мутобиқ ба иқлим, истеҳсоли озуқаворӣ дар сатҳи хонавода
Баҳрагирандагон: 23 тренер, 40 зани роҳбар, 600 зани деҳот
Маълумоти умумӣ
Осебпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи омилҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ, вазъи ғизо, шароити иқтисодӣ ва тағйири иқлим шакл мегирад. «Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ гардида, тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) амалӣ мешавад, ба таҳкими амнияти озуқаворӣ барои қишрҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ, ки бо шиддат гирифтани мушкилии дастрасӣ ба озуқаворӣ рӯ ба рӯ мебошанд, равона шудааст. Ин Фаъолият, инчунин, ҳадаф дорад низоми ҳифзи иҷтимоиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва устуворӣ барои муқовимат ба паёмадҳои иҷтимоию иқтисодии болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон тақвият бахшад.
Дар доираи ин Фаъолият, Equidev зерлоиҳаро барои таҳкими амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани вазъи ғизо ва баланд бардоштани устувории хонаводаҳои осебпазири занон дар вилояти Хатлон амалӣ менамояд. Ин ҳадаф тавассути такмили дониш, малака ва таҷрибаи онҳо дар самти истеҳсоли бехатари маҳсулоти озуқаворӣ, коркард ва боғдории хонагии мутобиқ ба иқлим амалӣ карда мешавад.
Зерлоиҳа дар чор ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Восеъ ва Панҷ фаъолият мебарад. Вилояти Хатлон дар кишвар минтақаи сермаҳсули кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳадафҳо
- Баланд бардоштани дониш ва малакаи занон дар самти кишоварзии мутобиқ ба иқлим ва истеҳсоли озуқаворӣ дар сатҳи хонавода.
- Тақвияти иқтидори занон ҷиҳати татбиқи усулҳои бехатари коркард, нигоҳдорӣ ва риояи меъёрҳои беҳдоштии маҳсулоти озуқаворӣ бо мақсади коҳиши талафи маҳсулот ва беҳтар намудани гуногунии хӯрду хӯрок.
- Дастгирии хонаводаҳо бо асбобу таҷҳизот, маводи зарурӣ ва маводи гармхона барои фароҳам овардани шароити татбиқи фаврии усулҳои такмилёфтаи истеҳсол ва нигоҳдорӣ.
- Тақвияти воситаҳои маҳаллии ёрӣ тавассути ҷалби агрономҳо, тақвияти роҳбарии занони маҳаллӣ ва тамосҳои пайгиронаи баъдӣ.
- Таҳкими тағйири рафтор ба сӯи таҷрибаҳои бехатар, серғизо ва мутобиқ ба иқлим дар сатҳи хонавода.
Занон чунин малакаҳоро аз худ мекунанд:
Консервакунии бехатари сабзавот, омода намудани шарбатҳо, ва хушккунии мева
Усулҳои содаи бастабандии маҳсулоти хушк (зардолу, гиёҳҳо, помидор)
Истеҳсоли сабзавоти мутобиқ ба иқлим ва асосҳои мудирияти гармхона
Қоидаҳои бехатарии озуқаворӣ ва усулҳои нигоҳдорӣ
Асосҳои ҳисобдории хонавода, баҳисобгирӣ ва банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ
Натиҷаҳои мунтазира
Афзоиши ҳосилнокӣ дар боғчаҳои наздиҳавлигӣ ва дастрасӣ ба сабзавот дар тамоми сол
Ҷорӣ намудани усулҳои бехатар ва меъёрии коркард ва нигоҳдории маҳсулоти озуқаворӣ
Коҳиши талафот пас аз ҷамъоварии ҳосил ва беҳтар гардидани гуногунии ғизо
Афзоиши даромади хонаводаҳо тавассути фурӯши маҳсулоти коркардшуда дар миқёси хурд
Баланд гардидани малакаҳои банақшагирии соҳибкорӣ ва ҳисобдорӣ дар байни занон
Тақвияти устувории хонаводаҳое, ки сарвариро занон ба уҳда доранд, ба ноамнии озуқаворӣ ва таконҳои мавсимӣ
Таҳкими шабакаҳои ҳамкории ҷомеавӣ ва иштироки фаъоли занон дар низомҳои маҳаллии кишоварзӣ
Натиҷаҳои бадастомада
6 модули омӯзишии амалӣ, камхарҷ ва мутобиқ ба шароити маҳаллӣ таҳия гардиданд, ки ҷомеаҳоро бо малакаҳои ҳаётӣ таъмин менамоянд.
2 омӯзиши тренерон (ToT) баргузор гардид, ки иқтидори маҳаллиро тақвият дода, интиқоли устувори донишро дар дохили минтақа таъмин менамояд.
Омӯзишҳои ToT ба парвариши бехатари зироатҳо ва идоракунии гармхона, инчунин ба технологияҳои нигоҳдорӣ ва консервабарории бехатар равона гардиданд.
19 тренери маҳаллӣ омода гардидаанд, то донишҳои бадастовардаро ба сатҳҳои поёнӣ интиқол диҳанд ва таъсири лоиҳаро дар ҷомеаҳо афзоиш диҳанд.
Муҳтавои ҳамаи омӯзишҳо ба равиши барномасозии ҳассос ба ғизои БОҶ мутобиқ буда, сифат, мувофиқат ва устувории дарозмуддатро таъмин менамояд.
Дар бораи Equidev
Equidev созмони байнулмилалии ҷамъиятӣ мебошад, ки роҳҳалҳои коршиносонаи тавсеа ва дастгирии техникиро барои рушди устувор ва баробарҳуқуқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд.
Equidev бо назардошти ҳузури дарозмуддат дар минтақа, шарикиҳои устувор ва таҷрибаи васеи татбиқи барномаҳо, барои амалӣ намудани ин лоиҳа ба таври босуръат ва самаранок имкониятҳои мусоид дорад.